Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар фазои озоду ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Истиқлолият барои миллати мо танҳо рамзи озодӣ нест, балки пояи асосии давлатдорӣ, ваҳдат ва рушду пешрафти ҷомеа мебошад. Маҳз Истиқлолият имконият дод, ки тоҷикон соҳиби давлати мустақил, Парчами миллӣ, Суруди миллӣ ва Сарқонуни худ гарданд ва сарнавишти худро худ муайян созанд.
Левакант: Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлолият — рамзи ҳувияти миллат”
5-уми сентябр, бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбӣ-саноатии кимиёи шаҳри Левакант"-и ДБССТ, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият — рамзи ҳувияти миллат» баргузор гардид.
Нақши занон дар замони Истиқлолият
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омад, барои тамоми ҷомеа, аз ҷумла занону духтарон, марҳилаи тозаи ҳаёт ва имкониятҳои навро ба вуҷуд овард. Агар дар даврони пешин иштироки занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ маҳдуд буд, пас имрӯз онҳо дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг нақши муассир ва фаъол доранд.
Истиқлолият ҳастии миллат
Бояд гуфт, ки 9 сентябрии соли 1991 барои мардуми тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда,яъне Рӯзи истиқлолияти миллӣ аст, ки дар хотираи неки тамоми тоҷикистониёни ҷаҳон, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, то абад боқӣ хоҳад монд.
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ДУ-ЯДРОИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР ДАҲСОЛАҲОИ ОЯНДА
(бахшида ба оғози Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар соли таҳсили 2025-2026 ва 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон )
Истиқлолият барои ҳар як миллату давлати озодихоҳ бузургтарин дастоварду муқаддастарин арзиш ба шумор меравад. Истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки сарчашмаи бақо ва пешрафти давлату миллат низ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ватани азизу офтобрӯяи мо Тоҷикистон 34-сол боз Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар фазои тинҷу оромии кишвар баргузор гашта, тамоми мактабҳои миёна, умумӣ ва литсейю гимназияҳо, мактабҳои олии мамлакат дари худро ба рӯи толибилмон ва дӯстони хурдсоли мо, ки бори аввал ба саҳни дабистон қадам мениҳанд, донишҷӯёне, ки бо ифтихор ва сарбаландӣ соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ гардиданд, ба оғӯши донишгоҳву донишкадаҳо мерасанд, то ҳамаи ин шефтагони илму савод ва ҷустуҷӯгари донишу илм барои худ дар лаҳзаҳои минбаъдаи ҳаёт чизеро ёд гиранд, биомӯзанд ва соҳиби хатту савод, донишу илм ва маърифати комил бигарданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки донишу маърифат дар ҳамаи давру замонҳо силоҳи асосии инсони бохирад буда, ягона роҳи наҷот аз торикӣ ва зулмат инчунин аз бадбахтӣ бесаодатӣ мебошад. Бинобар ин дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш чунин иброз намудааст:
