Дар кӯчаҳои шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гузаронида шуданд
10-уми сентябр, мутахассисони Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Левакант дар кӯчаҳои Борбад 2, 2а ва 2б бо сокинон вохӯрӣ гузарониданд.
Паёми табрикии раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Сиву чор сол қабл миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддуносози тоҷик ба дастоварди бузургу муқаддас — Истиқлолияти давлатӣ — ноил гардид. Имрӯз мову шумо ин рӯйдоди муборакро, ки тантанаи адолати таърихӣ ва пайванди дубораи мо ба силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон мебошад, бо камоли ифтихор ва сарфарозӣ ҷашн мегирем.
ШУКУҲИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ЛЕВАКАНТ
8 сентябр, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ва хотирмон бо иштироки роҳбарону фаъолон, меҳмонони расмӣ ва сокинони сарбаланди шаҳр баргузор гардид.
Левакант: Ифтитоҳи “Ошхонаи Чанор” ва оростани дастархони идона барои ятимони кул
8 сентябр, бахшида ба ҷашни пурифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Левакант–Бохтар “Ошхонаи Чанор” бо тарҳи замонавӣ ва муҳити фарҳангӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Левакант: Бахшида ба 34-солагии Истиқлолият дар шаҳр, иншоотҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт
8 сентябр, бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Левакант як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба рушди соҳаҳои варзиш, саноат ва дастгирии наврасону ҷавонон равона шудаанд.
