ЛЕВАКАНТ: Кумакҳои моддӣ ба кормандони КДФ “ХМК” ва ниёзмандон дар арафаи Истиқлолият
6-уми сентябр, дар остонаи таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иқдоми хайрхоҳона ва эҳсонкоронаро дар самти дастгирии кормандони соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва аҳолии ниёзманд амалӣ намуд.
Дар ин рӯз, кормандони Корхонаи Давлатии Фаръии “Хоҷагии манзилию комуналӣ” (ХМК) бо маводи ғизоӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроия кумак гирифтанд. Раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ шахсан дар раванди тақсими кӯмакҳо ҳузур пайдо намуда, тамоми кормандони КДФ “ХМК”-ро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфт.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки тозагӣ, сарсабзӣ ва ҳусни зоҳирии шаҳр маҳз ба заҳмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони КДФ “ХМК” бастагӣ дорад. Ӯ таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроия ҳамеша пуштибони кормандони ин соҳа буда, дар оянда низ барои беҳтар гардидани шароити кории онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳад шуд.
Кормандони КДФ “ХМК” дар навбати худ барои ин иқдоми нек, дастгирии пайваста ва қадршиносии меҳнати онҳо, изҳори сипосу миннатдорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти шаҳр ва тамоми сохторҳои дахлдор карданд. Онҳо ваъда доданд, ки минбаъд низ бо садоқат ва масъулияти баланд барои ободиву тозагии шаҳр хизмати содиқона хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамин иқдом, гурӯҳи шахсони маъюб, камбизоат ва ниёзманд низ мавриди дастгирии иҷтимоӣ қарор гирифта, ба онҳо низ маводи зарурии ғизоӣ ва ниёзи аввалия тақсим карда шуд.
Ин амал як қисми тадбирҳои хайрхоҳонаест, ки ҳамавақ дар рӯзҳои ҷашнӣ бо ҳадафи дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва қадрдонӣ ба заҳмати соҳаҳои муҳими хоҷагидорӣ амалӣ мегарданд.
Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант
