ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ДАР Ҷ/Д "ВАҲДАТ"

.

 
16 сентябр, тибқи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар деҳаи Нурафшони ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" вохӯрии фаҳмондадиҳӣ тариқи усули “Хона ба хона” бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло, раиси ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" Эшова Боғигул, масъулини Комисариати ҳарбӣ, бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оила ва дигар фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУД

.

 
15-уми сентябр, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-саноатии кимиёӣ Леваканти» ДБССТ, машварати назоратии назди раиси шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рӯзномаи корӣ баррасӣ шуданд, ки аз ҷумла-Пешниҳоди прокуратураи шаҳри Левакант оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, Баррасии ҳуҷҷатҳои воридшуда аз мақомотҳои болоӣ, Рафти корҳои ободонӣ ва таъмири биноҳои баландошёна ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди матраҳ қарор гирифт.

ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ: ОМИЛҲО, САБАБҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

.

 
Хонавода – макони оромиш, муҳаббат ва дастгирии якдигар аст. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ҳамин ҷо, ки бояд паноҳгоҳи рӯҳу равони инсон бошад, ба манбаи дард, тарс ва зӯроварӣ табдил меёбад. Хушунати хонаводагӣ яке аз масъалаҳои ҷиддии иҷтимоиест, ки ба амният, саломатӣ ва рушди шахсии инсон, хусусан занону кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

НАШЪАМАНДӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶОМЕА

.

 
Нашъамандӣ яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тандурустии асри муосир ба ҳисоб меравад, ки на танҳо шахси нашъамандро, балки ҷомеаро дар маҷмуъ зери таъсири манфии худ қарор медиҳад. Бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бо нашъамандӣ ба як вазифаи муҳими давлату ҷомеа табдил ёфтааст.
Нашъаманд кист?

ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ШАҲРАКИ «САРБАНД»

.

 
15-уми сентябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади беҳтар намудани сатҳи огоҳии сокинон ва ҳалли масъалаҳои доғи рӯз дар кӯчаҳои Борбад 39-43-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» чорабинии васеи фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.