ЛЕВАКАНТ: ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУД
15-уми сентябр, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-саноатии кимиёӣ Леваканти» ДБССТ, машварати назоратии назди раиси шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рӯзномаи корӣ баррасӣ шуданд, ки аз ҷумла-Пешниҳоди прокуратураи шаҳри Левакант оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, Баррасии ҳуҷҷатҳои воридшуда аз мақомотҳои болоӣ, Рафти корҳои ободонӣ ва таъмири биноҳои баландошёна ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди матраҳ қарор гирифт.
ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ: ОМИЛҲО, САБАБҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ
Хонавода – макони оромиш, муҳаббат ва дастгирии якдигар аст. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ҳамин ҷо, ки бояд паноҳгоҳи рӯҳу равони инсон бошад, ба манбаи дард, тарс ва зӯроварӣ табдил меёбад. Хушунати хонаводагӣ яке аз масъалаҳои ҷиддии иҷтимоиест, ки ба амният, саломатӣ ва рушди шахсии инсон, хусусан занону кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.
НАШЪАМАНДӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶОМЕА
Нашъамандӣ яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тандурустии асри муосир ба ҳисоб меравад, ки на танҳо шахси нашъамандро, балки ҷомеаро дар маҷмуъ зери таъсири манфии худ қарор медиҳад. Бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бо нашъамандӣ ба як вазифаи муҳими давлату ҷомеа табдил ёфтааст.
Нашъаманд кист?
ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ШАҲРАКИ «САРБАНД»
15-уми сентябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади беҳтар намудани сатҳи огоҳии сокинон ва ҳалли масъалаҳои доғи рӯз дар кӯчаҳои Борбад 39-43-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» чорабинии васеи фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ: ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ЭЪҶОДӢ
Абуабдуллоҳӣ Рӯдакӣ — номи барҷаста ва ёдгории ҷовидонаи адабиёти форсу тоҷик аст, ки ба унвони Падари шеъри классикӣ ва муаллифи нахустин осори шоиронаи пурратарин ва пурмазмун дар ин забон шинохта мешавад. Рӯзи 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон таҷлил мешавад, ки ифтихор аз мероси гаронбаҳои ин шоири бузург мебошад.
