ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

.

Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ, бо ташаббуси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, яке аз собиқадори меҳнат Сардор Ёдгоров аёдат шуда аз ҷониби КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Левакант ба ӯ кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ СОБИҚАДОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

.

Собиқадори меҳнат (дар соҳаи барқ) Солиев Ашуралӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ аз ҷониби раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло ва мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода аёдат шуд. Дар ин аёдат раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло бо ӯ суҳбат намудаву аз фаъолиятии меҳнатӣ ва хизматҳои ин собиқадори меҳнат ёдовар шуданд.

ЛЕВАКАНТ: ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

.

21-уми феврал, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Левакант, бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ-раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ тамоми иштирокдоронро ба 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

ЛЕВАКАНТ: РЕЙДИ ПЕШГИРИ АЗ МУШКИЛОТИ РОҲУ НАҚЛИЁТ

.

21-уми феврал, тибқи супориши раиси шаҳри Левакант, ҷиҳати батартибдарории роҳу нақлиёт, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, масъулини БДА-и ШВКД дар шаҳри Левакант, масъулини ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва дигар шахсони масъул гурӯҳи корӣ ташкил шуда, дар кӯчаи марказӣ бо ронандагони нақлиёти мусофирбари такси ва автобусу микроавтобусҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.