ЛЕВАКАНТ: РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ДОНИШКАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЛЕВАКАНТИ ДБССТ

.

27-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рӯзи «Дарҳои кушод» эълон гардид.

Дар ин рӯз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Левакант ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мувофиқ ба эълони Донишкада дар рӯзи «Дарҳои кушод» иштирок намуда, аз шарту шароити таҳсил дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ оошно гаштанд.

ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!

.

26-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзадҳои пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, бо интихобкунандагони ҳавзаҳои муайянгашта бо сокинони маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ ҶАВОНМАРДОНИ ШУҶОИ ВАТАН

.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло ва масъулини Комисариати ҳарбии шаҳр, хизматчиёни ҳарбиеро, ки зимни адои вазифа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми муноқишаҳои марзӣ ҷароҳат бардошта буданд аёдат намуданд. Масъулин зимни аёдат аз ҳолу аҳволи ҷавонмардони шуҷои Ватан бохабар гардида, онҳоро бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо кумаки яквақтаинаи ғизоӣ таъмин намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ИҚДОМИ ШОИСТА БА СОБИҚАДОРОН

.

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар «ЧОЙХОНАИ СОБИҚАДОРОН» ба собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан», аъзоёни Ташкилоти ҷанговарони башардӯст дастархони идона ороста, онҳо сарҷамъ карда шуданд.