ЛЕВАКАНТ: ОМӮЗИШ ВА ФАҲМОНДАДИҲИИ ПАЁМ

.

31-уми январ, баҳри омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД-и шаҳри Левакант, дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти “Гулистон” бо фаъолону сокинон вохӯрӣ баргузор гардтид.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ НАҚШАВИИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОН

.

30-юми январ, ҷиҳати омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии мавзуҳои доғи рӯз, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, бо сокинони деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” вохӯрӣ баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ВА ПЕШГИРИ АЗ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ

.

30-уми январ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, тибқи нақша-чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроия-Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр-Султонов Ҳикматулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр-Шодихон Сафарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Ашуров Орзу бо намозгузорони масҷиди панҷвақтаи деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР КӮЧАИ БОРБАД

.

30-юми январ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Эшова Боғигул, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр-Акрамова Суман тибқи нақшаи муштараки корӣ бо сокинони кӯчаи Борбади шаҳр, вохӯрӣ намуда корҳои таблиғотӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: ВАЗИШ-ВАСИЛАИ ПЕШГИРИ АЗ ҶИНОЯТ

.

30-юми январ, тибқи нақша-чорабинии Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Левакант, байни дастпарварони муассиса Мусобиқаи кушоди УШУ баргузор шуд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷи намуданд. Ғолибон аз тарафи Муассиса бо МЕДАЛ ВА СИПОСНОМА сарфароз дониста шуданд.