ЛЕВАКАНТ: ИҚДОМИ ШОИСТА БА СОБИҚАДОРОН

.

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар «ЧОЙХОНАИ СОБИҚАДОРОН» ба собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан», аъзоёни Ташкилоти ҷанговарони башардӯст дастархони идона ороста, онҳо сарҷамъ карда шуданд.

ЛЕВАКАНТ: ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» ҶАМЪБАСТ ШУД

.

25-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Муассисаи давлатии таълимии «ЛКСК»-и ДБССТ даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд. Дар он бонувони ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуда, ҷойи аввалро бонувони бахши маорифи шаҳр, ҷойи дуюмро беморхонаи марказии шаҳри Левакант ва ҷойи сеюмро СНОБ «Вахш» дар шаҳри Левакант, Муассисаҳои КАТС ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ишғол намуда, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ-ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШ ВА МАСЪАЛАГУЗОРИҲО

.

24-уми феврал, маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант, бо пурсиши иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи сипарӣ оғоз гардида, баъди таҳлилу баррасӣ, барои ҳафтаи ҷорӣ вазифагузориҳо карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: РУШДБАХШИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

.

24-уми феврал, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин васила ғани гардонидани буҷаи маҳалӣ дар утоқи кории худ бо яке аз менеҷерҳои сармоягузории давлати Чин-Лусияо Донд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон-Усмонзода Исфандиёр ва дигар меҳмонон вохӯрӣ намуд.

ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!

.

24-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзадҳои пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, бо интихобкунандагони ҳавзаҳои муайянгашта дар ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.