ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ

.

Имрӯз 15-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ ташкил карда шуд.

Дар ин шанбегӣ муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, мудирону кормандони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, масъулини ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”, кормандони корхонаҳои саноатӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар тозагӣ ва ободонии Боғи фарҳангӣ гузоштанд.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ БО НАМОЗГУЗОРОН

.

Масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти “Гулистон” зимни адои намози шом бо намозгузорон вохӯрӣ намуданд.

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири аз қонуншиканӣ, ҷинот ва дигар амалҳои номатлуб, аз масъалаҳои муҳими ин вохӯрӣ буд.

ЛЕВАКАНТ: ТОЗАГИИ ШАҲР АЗ МО ВОБАСТААСТ

.

Таҳти чунин шиор бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри ва ҷалби ихтиёриёни Ҳизб, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант, шанбегӣ гузаронида шуд.

Тозаву озода намудани боғ, нарм намудани бехи гулу дарахтон дар ин рӯз аз тарафи ихтиёриён анҷом дода шуд. Чунин тозакорию ободонӣ, гулшинонӣ ва дигар корҳои сабзкорӣ пайваста бо ҷалби ихтиёриён гузаронида мешавад.

ЛЕВАКАНТ: ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ ВАРЗИШИИ "ВАТАНПАРВАР" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

.

Бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, эҳтирому арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, рушд додани малакаву истеъдодҳои онҳо ва ба ин васила ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хатмкунандагони синфҳои болои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва 11-и шаҳр, чорабинии ҳарбӣ - варзишии “Ватанпарвар” баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

.

Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, ба хотири рушди варзиш, ҷалби ҷавонон баварзиш ва пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноят мусобиқаҳои гуногуни варзиширо ба роҳ мондааст, ки ҳамарӯза дастпарварони Муассиса дар ин мусобиқаҳо фаъолона иштирок намуда, қуввасанҷи мекунанд.

Чунин як мусобиқаи дӯстона аз намуди карате ВТФ байни наврасону ҷавонон баргузор шуда, ғолибон аз ҷони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр қадршиноси шуданд.