ЛЕВАКАНТ: МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН

.

Мудири муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и шаҳри Левакант-Дилором Каримова ҳамроҳи гурӯҳи кории худ бо сокинони бинои баландошёнаи Сомонӣ 13-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ҷиҳати риояи маданияти шаҳрнишинӣ бо усули «Хона ба хона» суҳбатовхӯрӣ гузаронид.

ЛЕВАКАНТ: ШУКУҲИ БАҲОР

.

 
Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол, фасли зиндашавии табиат ва айёми зебогии замину замон аст. Дар баҳор тамоми гулу дарахтон, тамоми растаниҳои рӯи замин мешукуфанд. Ҳатто ин фасл одамро низ мешукуфонад. Дар фасли баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин, фасли накуиҳо ва фасли бобарору пурфайз низ меноманд.
1-уми март, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар саҳни Қасри Фарҳанг, гулгашти Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ бахшиба ба оғози фасли зебои сол баҳори ҳуҷастапай гузаронида шуд.
Чун баҳор фасли зебоиҳост, чакану атласу адрас ба он боз ҳам ҷилои хоса мебахшанд. Бонувони ҳунарманди шаҳри Левакант, бо ба бар намудани либосҳои сирф тоҷиконаи чакану атласу адрас дар гулгашти Парчам ва майдони марказии шаҳр сайругашти идона намуда, аз омадани баҳор хушҳолӣ ва рақсу сурудхонӣ намуданд. Гулдухтаракон ба завқ омада, бозиҳои гуногуни кӯдакона ва чиқилбозӣ карданд. Наврасону ҷавонон бошанд ба бозиҳои гуногуни варзишӣ машғул гардидаву қисме аз ҷавонон дар ҳар гӯша ба хондани китоб машғул гаштанд. Дар назди Касри фарҳанг ва майдони марказии шаҳр фазои хеле зебои идона ҷилва намуд.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо муовини раиси шаҳри-Левакант Шоҳиён Саъдулло ва дигар масъулини Мақомоти иҷроия иштирок намуда, аз ҳунарнамоии бонувони шаҳр, сайру гашти идонаи онҳо, намоиши мусаввараҳои расомони навраси Мактаби санъати бачагонаи бахши фарҳанги шаҳр, намоиши бозиҳои варзишии дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр дидан намуданд.
Воқеан ҳам дар ин рӯз шаҳри Левакант, қабои идона ба бар кардаву ҳамагӣ аз омадани баҳори ҳуҷастапай гул-гул мешукуфтанду хушнудӣ мекарданд.
Боиси зикр аст, ки дар фасли баҳор ба ҷуз кишту кору маъракаи ниҳолшинонӣ иду ҷашнҳои зиёде таҷлил карда мешаванд. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, ки ин иди байналмилалии Наврӯз асту ҳамасола аз 21 то 24 март таҷлил мешавад. Дар ин фасл инчунин 8 март-Рӯзи Модар, 11 март-Рӯзи матбуоти тоҷик, 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин ҷилвадиҳандаи баҳор Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва Фестивали фарҳангӣ-фароғатии «Чакомаи гесӯ» мебошанду чандин озмуну чорабиниҳои миллӣ хоси ин фасли зебои сол аст.
Ба истиқболи ин фасли зебои сол месазад бигӯем:
Ҳаво гарму замин нарму гулу себарга рақсон шуд,
Табиат боз хандон шуд, Баҳорон шуд! Баҳорон шуд!

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТ ДАР АРАФАИ РАМАЗОН

.

Имрӯз 28-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, собиқадори соҳаи тандурустӣ, маъюби гурӯҳи 1, Холов Эмомалӣ ва хонаводаи афсари зиндаёд Давлатҷон Гиёев, ки дар муноқишаҳои Рашт зимни адои вазифаи хизмати мардонавор ҳалок шуда буд, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аёдат ва кумак карда шуданд.

Султонов Ҳикматулло раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат ва Бароталиев Сафар раиси Ташкилоти «Сипарони Ватан» дар шаҳр, зимни аёдат, бори дигар аз ҳолу аҳвол ва вазъи зиндагии хонаводаи эшон хабар гирифтанд.

ЛЕВАКАНТ: ВАРЗИШГАРОН АЗ ЯК МУСОБИҚА 10 ҶЙРО СОҲИБ ШУДАНД

.

Варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант, дар Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба Самбо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид 10 ҷойро соҳиб гаштанд.

Ба иттилои директори МДМВ-и шаҳр Ҷаҳонгири Бобоҷон варзишгарони мо дар намуди Самбо ва Самбои размӣ дар вазнҳои гуногун 2-ҷойи аввал, 5-ҷойи дуюм ва 3-ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд.

ЛЕВАКАНТ: ИНТИХОБОТ-БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН!

.

28-уми феврал, бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, вохӯрӣ ва муаррифии номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, аз ҳавзаи интихоботии Левакант №9, Саидзода Саидмаҳмуд дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо сокинони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» баргузор гардид.