Рӯзи мудофиаи гражданӣ
Рӯзи 14 майи соли 2019 дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №2 “Рӯзи мудофиаи гаржданӣ” доир гардид.
Рӯзи 14 майи соли 2019 дар муассисаи давлатии таълимии томактабии №2 “Рӯзи мудофиаи гаржданӣ” доир гардид.
Рӯзи 14.05.2019 тибқи нақша чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки 6-ҷуфт оилаҳои собиқадори намунавӣ, ду ҷуфт оилаҳои ҷавон ва даъвати зиёда аз 400 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарони муассисаҳои таълимии шаҳр маҳфили «Оилаҳои ибратомӯз» доир гардид.
Кормандони МТТҲС Зокирова Ш., Мирзоева М. бо ҳамшираҳои тибби оилавии МС Ш минтақаҳои 6, 8, 5А, 9А Надимова М., Собирова Ш., Абдулазизова Б., Миракова Н. дар кӯчаҳои А.Дониш, Умари Хайём, Борбад инчунин дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» байни истиқоматкунандагон доир ба бемориҳои сироятӣ, пешгирии вируси норасоии масунияти одам, бемории сироятии дарунрав ба воситаи иммунизатсия идорашаванда «Рота вирус», бемории вараҷа ва гигенаи шахси суҳбату вохӯриҳои судманд доир намуданд.
Бо ибтикори мактаби варзишӣ мусобиқаи кушоди самбо байни наврасон гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа наврасон аз шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён низ иштирок намуданд.
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр тибқи нақша чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ, адабӣ-бадеӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон 23 – май», таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар байни хонандагони муассисаҳои таълими №№2,14 ва ЛКСК мусобиқаҳои футбол, валейбол ва баскетбол баргузор гардид. Мусобиқаҳои варзишӣ идома доранд.