«Хутал» дар меҳмонии сокинони шаҳр

.

Рӯзи 15.05.2019 дар толори бахши фарҳанги шаҳри Левакант бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барномаи консертии ҳунармандони ансамбли вилоятии «Хутал» баргузор гардид.

Барномаи рангини пешниҳоднамудаи ҳунармандон хотири тамошобинонро болида гардонид.

Аксия: «Дониш талабу бузурги омӯз»

.

Рӯзи 15.05.2019 аз тарафи китобдорони китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳр дар кӯчаҳо ва бозори марказии шаҳр аксия таҳти унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз» баргузор гардид. Аксияи мазкур бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ мебошад.

Дар аксия зиёда аз 200 адад варақаҳои иттилоотӣ ба аҳоли тақсим карда шуд.

Вохӯрии собиқадорони меҳнат ба мутахассисони ҷавон

.

Рӯзи 14-уми май дар толори беморхонаи марказӣ собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо донишҷӯёни филлиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, ки дар назди Беморхонаи марказии шаҳр амал мекунад, вохӯрда, бо онҳо сӯҳбати гарму самимӣ доир намуданд.

Пешгирии нашъамандӣ ва зарари тамоку

.

Рӯзи 14. 05. 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ барои  амали гардонидани  ҳадафҳои Барномаи “Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” дар муассиса чорабинӣ таҳти унвони “Нашъмандӣ вабои аср” доир гардид.