Пешгирии нашъмандӣ ва зарари тамоку, ВНМО/БПНМ дар байни ҷавонон ва наврасон

.

Рӯзи 21. 05. 2019 ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотию тарғиботӣ барои амали гардонидани  ҳадафҳои Барномаи “Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” дар муассисаи таълимии №10 чорабинӣ таҳти унвони “Мо тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоем” доир гардид. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ба хонандагон фаҳмонидани зарари нашъмандӣ, тамоку, пешгири намудани аз касалиҳои сироятии ВНМО ва интихоби ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон ва наврасон мебошад.

Олимпиада байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ

.

Рӯзи 21.05.2019 дар литсейи касбии техникии №2-и ноҳияи Ёвон олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид, ки дар он 88 нафар довталаб аз 17 омӯзишгоҳ ва литсейҳои минтақаҳои Бохтари вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Вохӯриҳои табибон бо хонандагон

.

Рӯзи 21.05.2019 гуруҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Холов С. Ҷ. директори  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С.С., ҳамшираи тиббии маркази  солимии репродуктивӣ- Нурова Д. ва директори МТМУ №14 Ашуров Н. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо ханандагони синфҳои 10 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД) вохӯрӣ доир намуданд.  

Кӯдакони тоҷик бепушту паноҳ нестанд

.

Ҳодисаи ба Тоҷикистон баргардондани кӯдакони оилаҳои гумроҳшудаи тоҷик аз Ироқ аз воқеаҳоест, ки дар сархати хабарҳои кишвар қарор дошта, фикр мекунам ба торҳои эҳсоси ҳар нафаре нохун зад. Бахусус дидани ҷуссаи хурдакаку наҳифи онҳо ва андешаи он, ки чи фоҷиаеро аз сар гузаронда, чӣ балоҳоеро пушти сар кардаанд, дили ҳар бинандаеро ба дард меовард.

Амнияту осоиштагии кишвар аз сатҳи огоҳии мо вобаста аст

.

Дар литсейи касби саноати кимиёвии шаҳр бо иштироки аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва як гурӯҳ хонандагони фаъолу боистеъдоди шаҳр таҳти унвони “Ҳифзи амнияту осоиштагии кишвар вазифаи мост!”мизи мудаввар доир гардид.