Мусобиқаи тирпарони байнӣ
Имрӯз аз тарафи кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи ҷавонон байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи варзишии тирпаронӣ баргузор гардид.
Имрӯз аз тарафи кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи ҷавонон байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мусобиқаи варзишии тирпаронӣ баргузор гардид.
Дар Маркази дарёфт рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ байни хонандагони синфҳои 5 – 7 – и муассисаҳои таълимии шаҳр Олимпиадаи «Spelling Bee» дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тогҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.
22-уми май дар арафаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант модари Бахтовар Абдуллоев, ҷоизадори мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштини тарзи самбои муҳорибавӣ, ки айни ҳол дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, даъват шуда, сипосномаву туҳфаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант супорида шуд.
Тариқи шабакаҳои иттилоотӣ аз воқеаи нохуши шаби 19-уми май дар муассисаи ислоҳии №3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ба вуқуъомада огоҳ гашта, бори дигар мутмаин бар он шудам, ки террорист эътиқод ба ҳеҷ дин надорад ва ҳеҷ муқаддасоте барояш мавҷуд нест. Таассуфовар он аст, ки дар пайи бетартибиҳои дар ин муассисаи ислоҳотӣ роҳандозишуда, боз ҳам хуни инсон ба замин рехт. Боз ҳам хонаи касе ғамхона шуду навҳаи модаре ба афлок дакка хӯрд. Бигзор барои адои ҷазои гуноҳҳои вазнин паси панҷараҳои зиндон қарор доштанд, вале ҳеҷ кас ҳақ надошт ба ҳайси қозӣ ё довар қатлу куштори онҳоро амалӣ намояд.
21-май дар толори қасри фарҳанги шаҳр таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод шӯрои кор бо ҷавонон доир гардид.
Дар кори Шӯро аъзо, роҳбарони мақомоти дахлдор ва ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.