Семинари китобдорон

.

Имрӯз дар бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинари навбатии китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳр  доир гардид, ки дар он  мутасаддӣ оид ба китобҳои иҷоравӣ Қурбонов Сафар  дар мавзуъҳои  дуруст  ва бехато дар асоси нишондиҳандаҳо пур кардани «Дафтари инвентарӣ» оид ба китобҳои бадеӣ ва маводҳои таълимӣ, «Дафтари ба иҷора додани китобҳои дарсӣ» дар асоси талаботҳои «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷмҳурии Тоҷикистон», «Пардохти маблағи китобҳои дарсӣ», «Пешниҳоди  ҳисоботи омории тақсимоти китобҳои дарсӣ давоми панҷ моҳи соли 2019» баромад намуд.

Олимпиадаи «Spelling Bee»

.

Рӯзи 16.05.2019 бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ байни хонандагони синфҳои      5–7–и муассисаҳои таълимии шаҳр Олимпиадаи «Spelling Bee» дар самти татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тогҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.

Озмуни «Дар ватани худам посбон мешавам»

.

Рузи 15 майи соли 2019 дар ноҳияи  Кӯшониён озмуни рафиқона байни дастаи «Баҳодурон»-и литсейи давлатии №2 шаҳри Левакант ва дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Кӯшониён  мусобиқа доир гардид. Дар ин озмуни рафиқона дастаи «Баҳодурон»-и литсейи давлатии №2-и шаҳри Левакант бартари нишон дода ғолибиятро ба даст овард.

Вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯён

.

Дар таърихи 15.05.2019 дар арафаи баргузории «Рӯзи ҷавонон» бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо кардан аз рафти таҳсил, шароити зисту зиндагӣ, истироҳату фароғат, дастоварду мушкилот, ҳавасмандсозӣ, дастгирии моддӣ ва маънавии ҷавонони дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳсилдошта вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯёни шаҳри Левакант, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, доир гардид.