Ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон дар Маркази саломатии Навобод ҷ/д Ваҳдат

.

Дар доираи иҷроиши барномаи миллӣ, бо мақсади баланд бардоштани маълумотноки оиди пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО дар байни ҷавонон, мухоҷирони меҳнати ва оилаҳои онҳо, дар санаи 7 ми маи соли 2024, аз тарафи мутахассисони маркази ВНМО- и ш. Левакант якҷояги бо кормандони Маркази саломатии Навобод ҷ/д Ваҳдат ва ҳамшираҳои КАТС и ш. Левакант, ташхисҳои оҷили ВНМО бо тарзи ройгон гузаронида шуд. Ҳамчунин дар байни аҳоли дарсҳои омузиши бо усули хона ба хона гузаронида, барои иштирокчиени дарсҳои омузиши маводҳои таблиғоти ва ташвиқоти тақсим карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ТАДБИРАНДЕШИ «ДАР СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» роҳандозӣ гардидааст. Дар доираи ин тадбир, тибқи нақша-чорабинии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 7-уми май, ҳайати гурӯҳи корӣ Собирзода Исфандиёр-ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Зафар-муовини директори Муассисаи давлатии маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати Адлия, Ҳасанзода Саидалӣ-корманди Вазорати Адлия, Шоҳиён Саъдулло муовини раиси шаҳри Левакант, бо мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроия, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо дар МТМУ №15, вохӯрӣ намуда, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузарониданд.

ЛЕВАКАНТ: БАРТАРАФКУНИИ РОҲҲОИ ВАЙРОНШУДА

.

Дар боришоти шадиди шабонарӯзи охир ба роҳҳои мошингарди деҳаҳои Истиқлол ва Зағертути ҷамоати деҳоти "Ваҳдат" лоиқа фаромада роҳҳо вайрон гардиданд. Масъулини Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант ва бахши ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр, роҳҳои вайроншударо сари вақт аз лоиқа тоза намуда, селроҳаҳоро бартараф намуданд.

Инчунин дигар роҳҳои селфаро ва мавзеҳои хавфнок мавриди таваҷҷуҳи масъулин қарор доранд.

ЛЕВАКАНТ: ҲАФТАИ ПОСИ ХОТИР ДАР МТМУ РАҚАМИ 10

.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и шаҳри Левакант ба хотири пос доштани иштирокчиёни ҶБВ ҳафтаи поси хотир ташкил шуд.

Роҳбари Созмони хонандагон Ашуров Ҷаҳонгир ба аъзоёни фаъоли созмони хонандагони муассиса аз саҳм ва нақши иштирокчии ҶБВ Саидов Мирзо, ки омӯзгори муассиса буданду дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми назаррас гузоштаанд ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки марҳум Саидов Мирзо яке аз шахсиятҳои обруманди деҳаи Зағертут ва ҳатто шаҳри Левакант буда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан бо душман ҷангида, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон додааст.

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАШУДААСТ!

.

КОРНАМОИҲОИ ПАДАРОН БАҲРИ ҲИФОЗАТИ ВАТАН
Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки ба ивази ҷони худ инсониятро аз офати фашизм наҷот бахшидаанд, чун корнамоиҳои аҷдоди диловарамон ҷовидон боқӣ мемонад. Аз қаҳрамонон бояд ибрат бигирем, аз онҳо биомӯзем ва аз паяшон бояд биравем.