ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ СОБИҚАДОРОН БО ХОНАНДАГОНИ МТМУ 14

.

Дар ҳошияи Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант-Султонов Ҳикматулло, аъзоёни фаъоли Ташкилот, подполковник Мастов Абдулҳаким ва подполковник Саидов Файзулло ва дигар фаъолон бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 вохӯрӣ намуданд.

Шод будан ҳунар аст, шод кардан ҳунари волотар.

.

27-уми апрел, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Шабакаи тавонбахшии шаҳри Левакант, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар туйхонаи «Симак»-и шаҳр, ба беш аз 30-нафар шахсони имконияти маҳдудидошта ва волидонашон дастархони хайрия ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

.

Ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ободонӣ тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, дар баробари дигар шуъбаю бахшҳо, ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-Моҳираи Абдуғаффор ва мутахассиси шуъбаи мазкур Холмуродова Алфия дар кӯчаи Рӯдакӣ ва дигар кӯчаҳои шаҳр корҳои омафаҳмонӣ намуданд.

ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНИ АЗ ТАРАФИ КДФ «ХМК»

.

Масъулин ва кормандони КДФ «Хоҷагии манзилию комуналӣ»-и шаҳри Левакант, дар кӯчаи Спитамени шаҳр корҳои ободониро суръат бахшиданд. Дар ин рӯз кормандони корхона барои он ки дар ду шафати роҳ гулу буттаҳои ороиши шинонанд, хоку пору рехта корҳои тахту ҳамворкунӣ мегузаронанд. Албатта барои сабзиши хубу парвариши гулҳои мавсимию ороишӣ бояд заминро хуб нарм кард. Дар ин кор кормандони корхона таҷрибаи хуб дошта кушиш менамоянд, ки кори худро дар сатҳи лозимӣ анҷом диҳанд.

ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН

.

Бахшида ба 79-солагии Ғалаба дар ҶБВ бо Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар МТМУ-и №2-и шаҳри Левакант бо хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.