Об, агар сад пора гардад …
Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ байни давлатҳои Иттиҳод тақсимоти марзию ҳудуди ба амал омад. Дар натиҷаи ин тақсимот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии халқии Хитой ҳамсоя монд. Аз ҳамон вақт Тоҷикистон бо кишварҳои болозикр робитаҳои ҳамсоягиро барқарор намуда, дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монд.