Сипосгузории Ятимов аз сокинони ВМКБ ва тавсифи ӯ аз вазъияти осуда дар вилоят
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов беш аз як ҳафта бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ятимов аллакай давоми чанд рӯз бо як қатор фаъолону ҷавонон ва сокинони ноҳияиҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд.