Фарогирии ятимони кулл ба истироҳати тобистона.

.

Биноба иттилои Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар ятимони кулл дар басти якуми истироҳати тобистона дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки истироҳати тобистона дар ҳашт муассисаи таълимӣ ва се муассисаи томактабӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Басти якуми истироҳати мактаббачагон дар майдончаҳои солимгардонӣ ба анҷом расида, басти дуюми он аз 8-уми июл оғоз мегардад.

Вохуриҳо идома доранд...

.

4 июли соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» мутахассисони соҳаи тандурустӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои ВНМО дар якҷоягӣ бо кормандони МТТҲС дар байни омӯзгорон ва аҳолии ин деҳа доир ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/ БПНМ) вохӯрӣ доир намуданд.

Варзиш гарави саломатӣ !

.

Бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант даври дуюми мусобиқаи Футбол миёни деҳаҳои Сарбанд ва Нурафшони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» баргузор гардид.

Маҳсули меҳнати бонувон-пешкаши харидорон

.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018  солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар қаламрави ҷумҳурӣ вобаста ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Рушди ҳунармандӣ дар шаҳр

.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ боиси ифтихор аз гузаштаи пурғановати фарҳанги миллӣ мебошад. Нақши атлас ва адраси миллӣ аз замонҳои қадим барои ҳар як хонадони тоҷик мақоми хоса дошт.