Рӯзи дарҳои кушод

.

Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар санаи 08.07.2019 дар муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант «Рӯзи дарҳои кушод» бо ҷалби мутахассисон гузаронида шуд. Дар ин рӯз ҳамагӣ 196 нафар маъюб қабул карда шуда, ба онҳо ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд. Маъюбоне, ки бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои КАТС муроҷиат карда натавонистанд, дар хонаҳои истиқоматиашон аз тарафи ҳамшираҳои тибби оилавӣ ва табибони оилавӣ дидорбинӣ карда шуданд.

Даври дуюми истироҳати тобистона

.

Аз 8 июли соли 2019 басти дуюми истироҳати тобистонаи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ оғоз мегардад. Дар басти дуюм дар муассисаҳои таълимии №1,2,4,5,9,14 литсейҳои давлатии №1, 2 ва муассисаҳои давлатии томактабии №1,2 ва 3 ҷамъ 912 нафар ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Дар доираи ҳамкориҳо...

.

Бино ба иттилои сардухтури маркази саломатии шаҳри Левакант бо дастгирии Лоиҳаи беҳтаргардонии ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар вилояти Хатлон ба Муассисаҳои тандурустии шаҳр 15 адад дастгоҳи фишорсанҷӣ ва 21 адад тарозу кӯмак расонида шуд. Ин дастгоҳҳо ба 4 МС ва 7 БС тақсим карда шуданд.

Омодагӣ ба соли нави таҳсил

.

Баъди  аттестатсияи давлатии хатм, ки рӯзи 28 июни соли 2019  ба анҷом расид, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр  таъмиру рангуборкунӣ  оид ба омодагӣ  ба соли нави таҳсил оғоз гардид.

Мусобиқаҳои варзишӣ идома доранд.

.

Мусобиқаҳои варзиши баҳри дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант идома доранд. Бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант даври дуюми мусобиқаи Футбол миёни деҳаҳои Тоҷикобод ва Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» баргузор гардид.