Ҷамъбасти кори фаъолияти ҳизбиёни шаҳри Левакант дар шашмоҳаи аввали соли 2019

.

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, вакилони Маҷлиси  вакилони халқи  шаҳр,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳаи дуюми соли равон баргузор гардид.

Ҷамъбасти мусобиқаи футбол миёни деҳаҳои ҷамоати дехоти Ваҳдат!

.

Мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ки бахшида ба чашни 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Точикистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳудуди ҷамоати дехоти  «Ваҳдат» ҷамъбаст гардид.

Ҷавоби мо созандагиву бунёдкорист

.

Аз ҷониби гурӯҳи мухолифини тоҷик барпо шудани тазоҳурот дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дархости озодии Бузургмеҳр Ёров, собиқ вакили дифоъ ва аз думравони содиқи  ТЭТ ҲНИ бозгӯйи он аст, ки ин гурӯҳ майдатарин имкониятро барои сиёҳ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати дохилии он қодир ва омода ба ҳар кору амали пасту нописандида ҳастанд.

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр

.

13 июли соли 2019 дар толори қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 6- моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.

Аёдати эҳтиёҷмандон

.

Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати оилаҳои эҳтиёҷманд ва ятимон аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Чиллазода Қ.-раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр ба 7 оилаҳои эҳтиёҷманд кумакҳои яквақтаина расонида шуда, ин иқдомҳои нек дар оянда низ ба ин табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба роҳ монда мешаванд.