Иншоотҳои ҷашнӣ дар рӯзи Президент ба истифода дода шуданд.

.

Бахшида ба рӯзи Президент 16-ноябр ва дар ҳошияи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳри Левакант як ҳуҷраи стомотологӣ бо маблағи 115 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуд. Ду бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сарбанд, пули мошингузар дар деҳаи Нурафшон ва маркази хизматрасонӣ иборат аз дорухона, сартарошхона ва мағоза дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта ба истифода дода шунанд.

Кӯмак ба ятимони кулл ва маъюбону эҳтиёҷмандон

.

Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба ин гуна қишрҳои ҷомеа, дар арафаи иду ҷашнҳо кӯмак расонида мешавад.

Қалби меҳрофарин

.

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат мардуми сарбаланду хушиқболи тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нишонаи арзи эҳтиром ба ҷонфидоиҳои Пешвои маҳбуби худ дар солҳои нооромӣ ва тадбирҳои ҳадафраси ӯ дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷашн гирифта истодаанд.