Чон фидо дар роҳи паймон кардааст
Ҳар боре, ки тариқи оинаи нилгун аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат чизе мебинам, ё ҳар боре, ки ба ман муяссар мешавад дар сӯҳбат ё вохӯрии ҳолдонҳо ширкат варзам, воқеан Худодод будани Эмомалӣ Раҳмон маълумам мешавад. Пешвои миллат тавонистанд мардуми парешонро дигарбора сарҷамъ кунанд. Ба ваъдаи «Ман ба шумо сулҳ меорам», вафо карданд. Ҳарчанд осон набуд…Ҳарчанд борҳо қасди ҷонаш карданд…Захмаш заданд. Вале аз роҳаш боз нагашт…Умеди мардумро бароварда сохт…Тоҷикро ба хоки худ баргардонд…Ба ҷудоӣ, қатлу куштор, дуздию ғорат хотима бахшид…Кишварро обод кард.