Ақли худро кор фармед.

.

Террористу экстремист миллатро нобуду давлатро ноором ва арзишҳои миллиро нест мекунад. Барои он ки ӯ нангу номус ва виҷдон надорад. Ҳамеша дар фикри вайронкорӣ асту қатлу кушторро шуғли доимии худ медонад. Барои ин чӣ бояд кард? Суолест, ки аз ҷониби равшанфикрон матраҳ мехоҳад.

Дар муқобилат бо терроризм муттаҳид бояд буд

.

Масъалаҳои  экстремизм  ва  терроризм  имрӯз  тамоми  ҷомеаи  ҷаҳониро ба таҳлука андохта, боиси ба харобазор табдил ёфтани бисёр давлатҳои дунё гардидааст.  Террористҳо  мехоҳанд   мақсаду  мароми  худро  бо  роҳи  зӯроварӣ, куштор, тарсу  ваҳм  амалӣ  намоянд. Хусусиятҳои  экстремизм  ва  терроризму    шомил  шудани  одамон  ба  ин  гуруҳҳои  номатлуб  бо  роҳи  тағйир  додани  тафаккуру  эътиқоди  баъзе  аз  одамон  зери  ниқоби  афзалиятҳои  динӣ  зоҳир  мегардад. Намояндагони  ин  гурӯҳҳо  бо  табақаи  аҳолие  кор  мебаранд, (хусусан  ҷавонон), ки  таҷрибаи  кофии  рӯзгор  надоранд, донишҳои  дунявӣ  ва  диниашон  суст  буда, дар  зиндагӣ  ба  мушкилоте  дучор  гардидаанд. Имрӯз  камбудии  асосии  ҷавонони  мо, дар  набудани  ҷойи  кор  мебошад. Барои  дарёфт  кардани  ҷойи  кор  ва  пайдо  кардани  маблағ  онҳо  рӯ  ба  муҳоҷирати  мехнатӣ  меоранд, ки  намояндагони  гуруҳҳои  даҳшатафкан  (террористону  экстремистон) аз  ин  ба  хубӣ  истифода  мебаранд. Аммо, албатта  ин  ҷо  боз  нақши  асосиро  дониш, муҳаббат  ба  Ватан – модар  ва  тарбияи  дуруст  мебозад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳмгузор дар ободонии Ватан!

.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Ташрифи меҳмонон ба шаҳр

.

Рӯзи 28.11.2019 бо иштироки раиси шаҳр, муовини раиси шаҳр, намояндагонӣ дафтари лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ», коршиносони ташкилоти GOPA дар Тоҷикистон Виолерия Руссо, Фирӯза Ҷобирова бо ҳайати намояндагони Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳайати расмии бонувони вилоятҳои Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳри Левакант ташриф оварданд.

Вохӯриҳо давом доранд...

.

27 – апрели  соли ҷорӣ гуруҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи тандурустӣ байни истиқоматкунандагони кӯчаҳои Борбад 4,6,10-и маркази шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.