Салоҳиятнокӣ дар таълим – талаби замон
Низоми таълими салоҳиятнок низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаи амалӣ равона мешавад. Донистан ё дониш дар низоми таълими салоҳиятнок ҷузъи таркибии малака ҳисоб гардида, барои санҷидан, муқоиса кардан, намуна ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад.