ЧЛЕНАМ ОПГ НЕ НУЖЕН МИР В ХОРОГЕ

.

По бадахшанскому телевидению был показан репортаж, о попытки нападения на начальника ОМОНа республики генерал-майора Хуршеда Изатулло Мухаммадзода в городе Хорог. Данный инцидент произошел с 4 на 5 ноября на территории района «Турчид» г.Хорог, где установлен пост ГАИ. Возле поста, находится ресторан «Варка», излюбленное место молодежи, любителей спиртных напитков и других, более крепких вещей. Вероятно приняв определенную дозу чего-то, группа из 5 человек, члены ОПГ Мазорова Хурсанда, захотели показать свою натуру, то есть людей, которые не желают жить в мире и безопасности. Атаковав машину генерала, они решили применить физическую силу в отношении последнего. Но, своевременные профессиональные действия Хуршеда Изатулло предотвратили печальные последствия.  Группа из 5 членов ОПГ, скрылось в неизвестном направлении. Следственные действия  по данному происшествию продолжаются. 

МИЛЛАТ АЗ ЧАНГИ ХУРОФОТЗАДАГӢ, КИ БОЗДОРАНДАИ ИНКИШОФ АСТ, БОЯД БИРАҲАД!

.

Муҳаммадиқболи Садриддин, шахси бериё, пуррӯ ва асолатгумкарда, ки шомили доираҳои салафигароии кишварҳои нимҷазираи араб аст, дар сомонаи http://isloh.net/, ки пойгоҳи иттилоотии  ҳалқаҳои хатарноки бунёдгароии мазҳабӣ мебошад аз таърихи 06.11.2018 таҳти унвони «Миллат бояд аз чанголи тими ҳукмрони худкамбин бираҳад» мақолае чоп кардааст, ки камбинии доҳии ҷавонони салафӣ М.Садриддин ва разилманишони амсолуҳумро хуб ҳувайдо ва ифшо мекунад.

Идомаи мақолаи «ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Қисми 2)

.

Идомаи мақолаи «ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Қисми 2)

 Аз ҷониби фидоиёни Ватан, коргару меҳнаткашон вокуниш нишон медиҳанд ва аз ҷониби оппозитсияи бадманиш, «лидеракҳо»-и гуреза, суст ва инфъиолӣ. Худ  қазоват кунед.

 Чи тавре ки Фурқат Олимов, муҳандиси барқ, собиқадори НБО «Норак» дар мақолаи («ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Дар партави сангпартоиҳои оппозитсия ба рафти сохтмони аср-НБО «Роғун») дар бораи фаъолияти зиддимиии паймонакҳои хориҷимаоб изҳори ақида карда буд,»Оппозитсияи фирорӣ, кӯтоҳандеш ва миллатситез. Оппозитсияе, ки аз биниаш дуртар намебинад. Оппозитсияе ки дарк намекунад, ки бо оғози кори НБО «Роғун» хонаи тоҷик, аз ҷумла падару модар ва хешутабори онҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз нур баҳравар мешавад, на аз торикиву зулмот, ки мухолифини мутлақандеш дар муддати ҳукумати 6 моҳаи мусолиҳаи худ дар соли 1992 ба армуғон оварда буданд. Бад ин васила, бар ҷомеа фарҳанги хушунат, қатл ва мардумозориро таҳмил мекарданд.

Дар ВМКБ чи мегузарад? - гузориши видеоӣ

.

Баъди ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии сокинон дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

ХУРСАНД МАЗОРОВ БА РОҲБАРИИ ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ АЙБДОР ШУД

.

Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон Хурсанд Мазоров, яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоятро масъули тирпарронии шаби 4 ба 5 ноябр дар шаҳри Хоруғ номид ва гуфт, ҳадафи онҳо ноором кардани вазъи Хоруғ ва қатъи фаъолияти посгоҳҳо буд. Дар натиҷаи тирпарронии фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода бо тирҳои резинӣ дар Хоруғ ду сокини маҳаллӣ тир хӯрданд. Ситоди байниидоравӣ гуфт, як гуруҳи ҷавонон бо роҳнамоии Хурсанд Мазоров мехостанд ба фаъолияти посгоҳҳо мониа эҷод кунанд ва сардори посгоҳҳо маҷбур шудааст даст ба силоҳ барад.