Ҷинояткороне чун Айналишоев бояд нест карда шаванд

.

Ҳақиқат гарчанде талх аст, бояд гуфта шавад. Толиб Айёмбеков, Ёдгор Шомусалламов, Боқир Муҳаммадбоқиров, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев ва чанд ғуломаки дастобрези онҳо чандин соласт, ки даст дар ҷиноят доштанду худро хону шоҳу ҳокиму қумандону … ғайра дар ҳудуди маҳали зисти худ мепиндоштанд. Барояшон ҳукумати қонунӣ вуҷуд надошт. Худро ҳукумат меҳисобиданд. Касеро мехостанд ҷазо медоданд, касеро мехостанд мебахшиданд: ҳатто прокурору милисаро, духтуру халифаю муаллиму тоҷири бозорро.

Модаре, ки иғвоангезӣ мекунад  

.

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоёнаш фарзандро ба оламу одам ошно сохта, ба некӣ, баҳри оромиву осудагӣ ва сиҳатӣ роҳнамоӣ мекунад. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи насли ватанпарвару миллатдӯст, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

ГУЛОБОВ  НИЁЗШО АСЛИШОЕВИЧ- ҶИНОЯТКОРИ АСИЛИ ШАҲРИ ХОРУҒ (Ҷинояткоронро бояд шинохт)

.

 Тасаввур меравад, ки конвейери истеҳсоли саркардагони гурӯҳҳои ҷинояткор дар ш.Хоруғ ҳеч тамомӣ надорад ва бар замми он 6 нафари маълум, боз нафари дигар мехоҳад дар арсаи авбошӣ рӯнамоӣ кунад.

Хурсанд Мазоров, гунаҳкори асосии нооромӣ дар Хоруғ

.

Қомати кубриро танҳо гӯр рост мекунад, мегуфтанд ар урфият. 2 ҳафта пеш ҳамин Хурсанд Мазоров, авбоши рақами №1–и ш.Хоруғ дар назди Прокуратураи вилоят илтимос мекард, ки гуноҳи ӯро бахшанд. Мақомот ҳам ба онҳо «Огоҳии расмӣ» эълон карданд, ба умед ки  ҷинояти дигар содир накунад.