Дар љавлонгоњи сухан њар кас бо сењру эъљози ќаламаш ворид мешавад ва дар сабќати маъниофарї ќувва меозмояд. Барои нишон додани нерў ва ќудрати сухан муаллифро минбарњои баланд, рўзномаву маљаллањои пурљило, сомонањои хоса ва харљи маблаѓњои њангуфт зарурат надорад, балки доштани мањорати суханварї кофист.
Ѓарази муќаддимаи боло маълум кардани мавќеи як сањифаи фейсбукии Додољон Атовуллоев дар радифи садњо сањифаи фейкии чоплусони нањзатї, сомонањои иѓвоангезу дурўѓбофи «командаи келинњо»-и Муњиддин Кабирї мебошад, ки маќоли «як задани оњангару сад задани сўзангар»-ро ба ёд меорад. Ба ибораи дигар, дар фазои маљозї худи Додољон Атовуллоев кофист, ки посухи тамоми командаи бењунарони ташкилоти террористии њизби нањзати исломро дињад.