Наҳзатиҳо – қотилони равшанфикрию озодандешӣ
Кулли мардуми шарифи кишварамон ва тамоми афроди аз воқеаҳои Тоҷикистони пасазистиқлолӣ огоҳ аз бедодгарию ваҳшигариҳо ва ҷинояткорию хунхориҳои душманони миллат - наҳзатиҳо, ки дар зери либоси дину мазҳаб ба тамоми амалҳои пасту зишт даст зада, ин кирдорҳои заҳҳоконаю аҳриманонаи хешро хостори Худованд меномиданд, ба пуррагӣ хабардоранд. Қатлу ғорати одамон барои ин афроди кӯрдилу тангназар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як амали маъмулӣ шуда буд ва инсон барои ин разилону бешарафшон аслан ҳеҷ арзише надошт. Он замон террористону экстремистони наҳзатӣ шумораи зиёди оламону донишмандон ва равшанфикрону зиёиёнро ба қатл расонда буданд.