ЛЕВАКАНТ: БОЗ ЯК ИНШООТИ ҶАШНИ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

.

 
31-уми май, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, дар доираи шартномаи дуҷонибаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Левакант, як маркази омӯзишӣ, Муассисаи ғайридавлатии “Пайванди ғамхорӣ” барои 72 ятими кулл мавриди истифода қарор гирифт.

ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРИИ РАИСИ ҶАМОАТ БО СОКИНОН

.

 
31-уми май, раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант-Султонов Фарух, тибқи нақшаи корӣ бо сокинони деҳаи Вахш 2-и қаламрави ҷамоати шаҳрак вохӯрӣ гузаронид. Мақсад аз ин вохӯрӣ пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи барқ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз буд.

ЛЕВАКАНТ: ТАНТАНАИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН

.

 
30-юми май, тибқи нақша-чорабинии бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар толори Қасри Фарҳанг, бо иштироки раиси шаҳр-Муминзода Мастура Табарӣ, муовини раис, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид.

ЛЕВАКАНТ: АЁДАТИ ШАХСОНИ ДОРОИ МАЪЮБИЯТ

.

 
Имрӯз 30-юми май, муовини раиси вилояти Хатлон-Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ва дигар масъулин бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, шахсони дорои маъюбиятро аёдат намуда, кумакҳои якдафаинаи ғизоӣ ва пулӣ карданд.

ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДИДАН НАМУД

.

 
29-уми май, раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-Шарифи Бобосафар, раиси ҷамоати шаҳраки "Сарбанд"-Фарух Султонов, сармеъмори шаҳр-Давлатов Сайфиддин ва дигар масъулин аз вазъи корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак дидан намуданд.