ГИРДОБ...

.

Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Эътирози мардум дар назди дафтари САҲА дар ш.Душанбе

.

Cубҳи 7-уми сентябр тахминан соатҳои 9 дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Меҳдӣ Каррубӣ гуфт, ба ҷои "ситоиш" Хоманеиро ҷавобгӯ кунанд

.

Як ислоҳотталаби саршиноси Эрон аз Маҷлиси хубрагон, ки бояд бар фаъолияти Раҳбари Олии ин кишвар Оятулло Алӣ Хоманеӣ назорат кунад, даъват кард, ки ба ҷои"ситоиш"и беандоза ӯро ҷавобгӯ кунанд.

Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро

.

Вақтҳои охир интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад.