ЛЕВАКАНТ. СӮҲБАТ ВА КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

.

Имрӯз, 11 апрел, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бо усули "Хона ба хона” дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Левакант баргузор карда шуд.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Левакант бо мардум вохӯриву суҳбатҳо анҷом доданд.

 

Ҳадаф аз вохӯрӣ огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум, мушкилоти иҷтимоӣ, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби Фонди хайриявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хатлон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохурӣ бо фаъолони ва намояндагони ходимони дини кишвар маншаъ мегирад, ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон