ЛЕВАКАНТ: ШАҲРДОРӢ АЗ КОРҲОИ САҲРОӢ ДИДАН НАМУД

.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ 11-уми апрел, аз ҷараёни кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ӯ дар гармхонаҳои ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» бо кормандон вохӯрӣ намуда, вобаста иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи самаранокистифодабарии замин давсияҳои муфид дод.

 

Боиси зикр аст, гармхонаҳои ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» бо усули наву замонавӣ сохта шуда ҳамеша мавриди кишти сабзавоти бодирингу помидор қарор дорад, ки ин ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва сабади истеъмолии сокинони мамлакат нақши нкалон дорад.