Пайравони «Паймони шайтонӣ» дар САҲА.
Замони муосир бо паҳлуҳои мураккаб, равандҳои истеъмолгарона, ки хоси кишварҳои абарқудрат мебошанд, баъзе аз мамолики Шарқи наздик, араб ва Осиёро ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир мувоҷеҳ сохт. Вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳонӣ имрӯз бо оташафрӯзии ҷангҳои динию мазҳабӣ печидатар гардид. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд ва ба амнияти қариб тамоми мамлакатҳои рӯи дунё хатари ҷаҳонӣ таҳдид намуда истодаанд.