41 нафар собиқадор медал гирифт
Рӯзи 19 декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бахшида ба 40 солагии ворид шудани қушунҳои иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон чорабинӣ доир гардид.
Рӯзи 19 декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бахшида ба 40 солагии ворид шудани қушунҳои иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон чорабинӣ доир гардид.
Рӯзи 18.12.2019 маҷлиси дувоздаҳуми ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» даъвати дуюм барпо гардид. Дар маҷлис раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» Султонов Ф. оиди фаъолияти ҷамоат дар соли 2019 ҳисобот дода, оиди натиҷахои рушди иктисодӣ ва иҷтимоии ҷамоат муфассал баромад намуд. Дар маҷлис вакилон иҷроиши буҷети ҷамоатро дар соли 2019 ва лоиҳаи буҷети ҷамоатро барои соли 2020 мавриди барраси карор дода, аз руи он карорҳои дахлдор кабул намуданд.
18-уми декабр бо иқдоми Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, рӯзномаи шаҳрии «Нури Сарбанд», маъмурияти муассисаи таълимии №8 ва як гурӯҳ хонандагони ин муассиса ба аёдати собиқадори махсуси ҷумҳуриявӣ бобои Отамурод Қурбонов рафтанд.
Ҳама ҷо дӯкони ранг аст, ҳама ранг мефурӯшад,
Дили ман ба шиша сӯзад, ҳама санг мефурӯшад.
Дирӯз, 15 декабри соли ҷорӣ дар фазои маҷозӣ суҳбати скайпии ду махлуқи муханнас[1]-и сиёсатзадаи муқими Амрико ва Аврупо пахш гардид. Яке, раиси ҳизби фирорӣ ва манъшудаи наҳзат “оқо”-и гумном ва дигаре шахси мафтуни гранди амрикоӣ, ки бо ҷоҳилӣ ва саҳлангории истисноӣ ҷилванамоӣ менамуданд. Ин “мусоҳиб” аз дохили “КАМАЗ” мусоҳиба оростааст. Аҷиб он аст, ки “блогер”-и навбаромад, ки муқими Амрико ва худро фаъоли сиёсӣ меномад, ба забони тоҷикӣ дуруст суҳбат карда наметавонад ва он чӣ, ки аз лексикони ӯ “метаровад”, дар қолаби шеваю лаҳҷаи нимарусиву олами ҷиноии ғализ ғунҷоиш дорад. Кабирӣ ҳам аз ҳамсуҳбат кам наомад, қафо намонд, бо шеваи нимаафғониву лаҳҷаи теҳронӣ рӯнамоӣ кард. Ин дар суратест, ки ҳар ду аз Конститутсия ва Қонуни ҶТ “Дар бораи интихобот”, ки танзимгари раванди чорабинии муҳими сиёсӣ мебошанд, мутлақан бӯе намебаранд. Бо он ки “блохер” Каримзода ба забони давлатӣ ва миллӣ балад нест ва ҳангоми ироаи матлаб аз шеваю лаҳҷа дар шакли дурушту дағал истифода мекунад, дар тафсири қавонини интихоботӣ, наҳваи муборизаи сиёсӣ дар Парлумон, нақши аслии муҳоҷир дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ суханҳои сатҳӣ ва дур аз воқеият дар миён меоварад. Зиёда аз ин, суҳбати ба ном ихтисосии ӯ бо раиси ТТЭ ҲНИ ҳам марбути фаъолиятҳои сиёсии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аст. Аммо сатҳи мусоҳибаороӣ ва пурсишгариро дида, кас аз ояндаи чунин муҳоҷироне, ки ҳатто ба забони одии тоҷикӣ суҳбат карда наметавонанд ва бо лаҳни даҳали омехтаи тоҷикию русӣ суҳбат мекунанд, ноумед мешавад. Ба ҳар сурат, ба муҳтавои суҳбати ин ҷуфти олуфта ва аз вазъи воқеии кишвар бехабар иҷмолан таваҷҷуҳ мекунем:
1.Кабирӣ дар посух ба суоли аввалин ба ин мазмун, ки оё муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии мамлакат аз тариқи интихобот ва дар симати вакил ширкат карда метавонанд, мегӯяд, ки бештари муҳоҷирони меҳнатӣ насли ҷавон мебошанд ва онҳо нисбат ба сиёсат ва масоили сиёсӣ дидгоҳи худро доранд. Албатта, насли ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия машғули коранд, ҳаққи ширкат дар умури сиёсӣ ва иҷтимоии кишварро доранд, аммо суоли матраҳ ин ҷост, ки аксарияти онҳо саводи кофӣ надоранд ва аз шинохти равандҳои муосири сиёсӣ, ки бар мабнои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии баъзе доираҳои манфиатхоҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён мегиранд, бархӯрдор нестанд. Бинобар ин, дар банду асорати гурӯҳҳои радикал ва тундрави динию мазҳабӣ афтида, ба таври нохудогоҳ ба хидматкори созмонҳои террористию экстремистӣ табдил меёбанд. Ҳамин нуқтазаъфи як иддаи бузурги муҷоҳирони ҷавони тоҷик (манзур ноогоҳӣ, камдонишӣ ва беиттилоои онҳо)-ро мадди назар қарор дода, гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва созмонҳои зиддимиллӣ онҳоро ба тарафи хеш ҷазб карда, ба гирдоби моҷароҳои сиёсӣ мекашанд.
2.Тавре ки болотар ишора кардем, саводи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии насли ҷавони муҷоҳирони тоҷик маҳдуд аст ва аз ин маҳдудияти фикрию бинишӣ доираҳои бозигар васеъ истифода мебаранд. Дар даҳ соли ахир, агар иштибоҳ нашавад, садҳо ва ҳазорон нафар аз насли ҷавони мо, ки ба Русия муҳоҷират кардаанд, ҷаҳонбинии ифротӣ касб карда, масоилро дар доираи бинишҳои маҳдуди хурофотӣ матраҳ мекунанд. Ин нуктаро аз тарзи биниш, шеваи навишт, лаҳни баррасӣ ва пахши матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ, масалан, Одноклассники метавон пай бурд. Мутаассифона, аксарияти муҳоҷирони ҷавоне, ки дар шаҳрҳои Русия кору фаъолият мекунанд, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фазою муҳити носолими фикрию эҷодӣ ба доми мутаассибони мазҳабӣ меафтанд ва ба сабаби ноогоҳӣ ба мубаллиғони исломи сиёсӣ дар сатҳи хонаводаҳо табдил меёбанд. Нуфуз ва ҳузури хурофоту таассуби мазҳабӣ ба ҳаддест, ки ҷавонони муҳоҷир ва ҳатто насли ҷавонеро, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ (Аврупою Амрико) кору таҳсил мекунанд, сироят намудааст. Матолиб ва изҳори назарҳои баъзе ҷавонони дар Аврупо ва Амрико кору фаъолиятдоштаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мурур карда, ба натиҷае расидан мумкин аст, ки доираҳои махсуси дохилию хориҷӣ барномаи густардаи мағзшӯии ҷавонон, ба вежа насли ҷавони муҳоҷирро роҳандозӣ намуда, бо зеҳниёти онҳо бозӣ мекунанд. Дар гузашта истифода аз нерӯи ҷавонон барои доираҳои сиёсии наҳзатӣ авлавияти барномавӣ ва асли стратегӣ будааст ва имрӯз элитаи фирории наҳзатӣ аз ин политтехнология ба таври ҷиддӣ сӯиистифода мекунад. Аз ин рӯ, Кабирӣ дар суҳбат бо ронандаи овора, ки аз зумраи ҷавонони ғофил ва чалласавод маҳсуб меёбад, ба иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар умури сиёсӣ таҳрик намуда, рӯйи насли ҷавони муҳоҷир, ки таҷрибаи сиёсӣ ва фикрӣ надорад, тамаркуз мекунад. Кабирӣ даъво пеш меоварад, ки ҷавонони муҳоҷири тоҷикро фиреб кардан душвор аст, дар ҳоле ки худ онҳоро бо фазлфурӯшиҳо, шиорпароканиҳо ва пешдовариҳо фиреб мекунад ва худ ва барномарезиҳои ҳизбиаш ҷазб менамояд. Ва ба гунае нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон ҷавони муҳоҷири тоҷикро бо фазлфурӯшиҳо гул зад ва аз масири дурусти зиндагӣ мунҳариф сохт.
2
Набояд фаромўш кард, ки барои пардапўш кардани ниятњои бартарихоњї, исломисозї, пулпарастї ва рифоњталабї М. Кабирї, усулан аз василањои маъмули риёкории сиёсиву иљтимої ва ҳилаи шаръӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муќаддасоти динї ва истилоҳоти муосири сиёсӣ -- Худо, дин, мазњаб, Ќуръон, Паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорї, баробарї, бародарї, озодї, парламентаризм ва амсоли инњо бозї карда, њар яки вожагони калидиро дар љояш бо мақсади ба даст овардани султа, ќудрати сиёсї, нуфузи маданї ва неруи тиљоратї сӯйистифода мекунад. Мусоњибањо, суханронињо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болої моломол аст ва тавассути политтехнологияи навин љомеаро тањти фишори равонї, забонї ва сиёсї ќарор додан мехоњад. Аммо ӯ нодоне беш нест ва дар пушти доираҳои ба ном демократу либерали ғарбӣ ҳадафҳои нопоки худро дунболагирӣ мекунад.
Ин сарлавҳаи мақоларо “Марде аз табори дурӯғгӯён ва фарде аз табақаи босмачиён” номгузорӣ бояд кард, ки шармандаи олам шуда, дастовардҳои сулҳро беранг сохт, табаддулоти ҳарбӣ ташкил намуду онро сармоягузорӣ кард ва ҳамчун муши обзада ба хориҷи кишвар гурехт. Дар мавҳумоти ифротии худ ғӯта зада, наҳзатиҳо дарк намекунанд, ки ба деги душман равған мерезанд, иқтидори хориҷиҳоро боло мебаранд ва дар айни замон ба нуфузи тоҷик шак доштанро талқин мекунанд, ки ин падидаро дар истилоҳоти сиёсӣ - «Хиёнати миллӣ» мегӯянд. Дар ҳамин ҷо агар ба шахсияти Кабирӣ назар афканем, мебинем, ки ин кӯтаҳандеши зеҳнӣ, чун одат кардааст ба некӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, боз ба масири тафриқаандозиву ҷангҷуӣ ва сафсатафурӯшӣ баргашта, заминаи низоъи дохилии навро муҳайё сохтанист. Агар аз тарафи коршиносони ҳодисаҳои таърихӣ дар ин мавзӯъ ҳар чӣ бештар мақола чоп мегардиду симои воқеии ин қишри ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият хатарнок фош мегардид, нураналонур мебуд, зеро насли ҷавоне, ки баъд аз ин ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ворид мегардад, бояд аз таъсири норавои нерӯҳои манфиатҷӯйи наҳзатӣ ва асҳоби онҳо дар амон бошад. Сониян, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми башарият намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул диҳем.
Дар маҷмуъ, нуқтаҳое, ки Кабирӣ дар мусоҳиба ишора мекунад, ҳамагӣ беасос ва муғризонаанд. Ӯ ба давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кина ва рашк дорад. Рашк ва кинаи ӯ аз он аст, ки халқ ва миллати тоҷик тарзи тафаккури харобавари наҳзатро напазируфт ва новобаста аз заҳмату талоши зиёд миёни ҷомеаи тоҷик маҳбубият пайдо накард. Барои чӣ? Барои он ки Кабирӣ ва фирориёни наҳзатӣ пуштувонаи мардумӣ надоранд ва то он замоне, ки тоҷик огоҳ аст, ин тоифа бар миллати азияткашидаи мо тасаллут пайдо нахоҳанд кард. Ин тоифа мисли ғулҳоеанд, ки ҳадафашон танҳо хӯрдану чаридану ошомидан аст. Танзи маҳаллӣ, ки ба шахси раҳбари наҳзатӣ муносиб аст, ҳусни мақтаъи навишта буда метавонад:
Селобаи вайронӣ дар нам-нами Файзобод,
Барзагове мечарад дар хам-хами Файзобод!
Назарзода Носир Ҷобир - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, 17 декабри соли 2019
[1] .Муханнас, яъне маслуқи равонии ноқисулақл ва ахташуда.
Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳодисаҳоеанд, ки амнияти тамоми кишварҳои дунёро халалдор карда, ба мардуми сайёра мушкилӣ эҷод мекунанд. Таблиғи ақидаҳои ифротгароёна, урфу одати бегона, бегонапарастӣ дар либос, фарҳанг ва ахлоқ ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ ва хоҷагонашон мебошад, ки онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд ба мақсади муғризонаи худ бо ҳар роҳу восита бирасанд. Аммо дар баробари ин қувваҳо коршиносону сиёсатмадорон ва донишмандон намегузоранд, ки чунин гурӯҳҳо бо мақсадҳои нопоку ғаразноки худ расанд.