Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАЪРИФАТ. Мулоҳизаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов

.

«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Натиҷагирӣ аз Шӯрои ҷавонони шаҳри Левакант дар соли 2019

.

Нимаи дуюми рӯзи 24-уми январ дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №2-и шаҳр таҳти раёсати и.в. раиси шаҳр, раиси Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод Шӯрои ҷавонон доир ба фаъолияти солонаи соли 2019 баргузор гардид.

Рабочая поездка председателя Главного управления национальной безопасности Исламской Республики Афганистан в Республику Таджикистан

.

ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /НИАТ «Ховар»/. 14-15 января 2020 года состоялась рабочая поездка Председателя Главного управления национальной безопасности Афганистана Ахмада Зиё Сироджа и высокопоставленной делегации этой службы в Таджикистан.

В ходе поездки состоялась его встреча с Председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан Саймумином Ятимовым.

Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

ДУШАНБЕ 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14-15-уми январи соли 2020 сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот ба Тоҷикистон доир гардид.

Зимни сафар, мулоқоти ӯ бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов баргузор шуд.

Дар рафти музокирот масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.