Маросими савгандёдкунии ГМҶ-и шаҳри Хоруғ дар назди қонун
Камина бадахшониам ва бо тоҷик будани худ эҳсоси ифтихор ва сарбаландӣ мекунам. Худро шаҳрванди давлати соҳибистиқлол медонам. Аз имтиёзҳои кишвари озод ва обод бархӯрдорам. Аз дигарон на камаму на бартар. Шаҳрванди миёнаомории Тоҷикистони азизам, дар ғаму шодии мардум шарик ва хилофи афроди ҷиноятмадор. Зеро ин гурӯҳҳо дар куҷое набошанд, ҷаҳонбинии чаппа ва хилофи ободкорӣ доранд, қонунро намепазиранд, аниқтараш қонунро бо зерқонунҳои ҷангалии худ, иваз кардаанд.