ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН
Мо, тоҷикони муқими Эрон, аз васоити ахбори омма дарёфтем, ки якчанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ– экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гирдиҳамоие дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ташкил кардаанд. Гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон “наҳзатиҳо” ва “кабирисифатҳо”-и қадимианд, ки террорист шинохта шудаанд.