ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

.

Имрӯз 1-уми июл, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, намояндагони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО ва мутахассисони Муассисаҳои КАТС шаҳри Левакант, дар кӯчаҳои Зебониссо ва Фирдавсии қаламрави шаҳрак тариқи усули фардии «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

 

Масъулин вобаста ба пешгири аз хурофот, бегонапарастӣ, пушиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона (сатру ҳиҷоб), пешгири аз ҷиноят ва дигар омилҳои номатлуб, пешгири аз бемориҳои сироятию мавсимӣ, пешгири аз фавти модару кӯдак, пешгири аз ғарқшавӣ ба аҳоли фаҳмондадиҳӣ намуда, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳар лаҳзаи зиндагии онҳоро назорат намоянд.

Инчунин бо занҳои хонашин тарзи дурусти захираи маводи ғизоиро фаҳмонида, таъкид намуданд, ки ҳангоми омода намудани маҳсулоти консервагӣ зарфҳоро тоза шуста қоидаҳои бехатарии ғизоомодакуниро риоя намоянд. Зеро дар натиҷаи нодуруст тайёр намудани маҳсулоти консервагӣ мумкин аст ба саломатии худу аъзои хонавода зарар расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамин гурӯҳи калони таблиғотӣ вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз ҳамарӯза бо аҳолӣ корбари намуда, саҳми худро дар некуаҳволии сокинон мегузоранд.