ЛЕВАКАНТ: БОЗ ЯК ИНШООТИ ҶАШНИ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

.

 
31-уми май, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, дар доираи шартномаи дуҷонибаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Левакант, як маркази омӯзишӣ, Муассисаи ғайридавлатии “Пайванди ғамхорӣ” барои 72 ятими кулл мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими кушодашавии Муассиси ғайридавлатии “Пайванди ғамхорӣ” мувини раиси шаҳри Левакант-Шоҳиён Саъдулло, сармоягузорони Хитоӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи ғайридавлатии “Пайванди ғамхорӣ” дуошёна буда, барои 72-нафар ятими кул пешбини гардида, аз синфхонаҳои таълимии забономӯзӣ (забонҳои руссӣ, англисӣ, хитоӣ,) ошхонаи барҳаво, хобгоҳ, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои духтарон, ҳамому ҳоҷатхона бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳаз иборат мебошад. Тибқи маълумоти масъулин дар он танҳо ятимони кулли аз 5-сола то 18-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Гуфта шуд, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ташкили Муассисаи ғайридавлатии “Пайванди ғамхорӣ” туҳфаи хубе барои кӯдакони ятими кулл мебошад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, дар доираи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба ятимони кулл ва шахсони яккаву танҳо, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, соҳибкорони ватандӯст, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва ҷалби сармояи хориҷӣ як қатор иншооти итҷимоию хизматрасонӣ сохта шуда мавриди истифода қарор доранд. Ва ин иқдом зери таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат дар оянда низ идома меёбад.