Левакант: Чорабинии фарҳангии “Шоми Истиқлол” дар деҳаи Вахш

.

 
5-уми сентябр, бо ташаббуси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и шаҳри Левакант-Латипова Садорат, бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангии идона таҳти унвони “Шоми Истиқлол” баргузор гардид.

ИСТИҚЛОЛ ОРЗӮИ ТАЪРИХӢ ВА ҲАДАФУ ОРМОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

.

 
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки ба ин васила бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд давлат ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ пеш гирад.

Ҳамдиёрони азиз!

.

 
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки дар фазои озоду ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Истиқлолият барои миллати мо танҳо рамзи озодӣ нест, балки пояи асосии давлатдорӣ, ваҳдат ва рушду пешрафти ҷомеа мебошад. Маҳз Истиқлолият имконият дод, ки тоҷикон соҳиби давлати мустақил, Парчами миллӣ, Суруди миллӣ ва Сарқонуни худ гарданд ва сарнавишти худро худ муайян созанд.

Левакант: Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлолият — рамзи ҳувияти миллат”

.

 
5-уми сентябр, бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбӣ-саноатии кимиёи шаҳри Левакант"-и ДБССТ, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият — рамзи ҳувияти миллат» баргузор гардид.

Нақши занон дар замони Истиқлолият

.

 
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омад, барои тамоми ҷомеа, аз ҷумла занону духтарон, марҳилаи тозаи ҳаёт ва имкониятҳои навро ба вуҷуд овард. Агар дар даврони пешин иштироки занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ маҳдуд буд, пас имрӯз онҳо дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, иқтисод, илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг нақши муассир ва фаъол доранд.