ЛЕВАКАНТ: ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ШАҲРАКИ «САРБАНД»
15-уми сентябр, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади беҳтар намудани сатҳи огоҳии сокинон ва ҳалли масъалаҳои доғи рӯз дар кӯчаҳои Борбад 39-43-и ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» чорабинии васеи фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ: ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ЭЪҶОДӢ
Абуабдуллоҳӣ Рӯдакӣ — номи барҷаста ва ёдгории ҷовидонаи адабиёти форсу тоҷик аст, ки ба унвони Падари шеъри классикӣ ва муаллифи нахустин осори шоиронаи пурратарин ва пурмазмун дар ин забон шинохта мешавад. Рӯзи 22-юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсизабон таҷлил мешавад, ки ифтихор аз мероси гаронбаҳои ин шоири бузург мебошад.
ЛЕВАКАНТ: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО МУДИРОНИ БСД ВА МСД
Дар Тоҷикистон маъракаи иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам оғоз меёбад. Вобаста ба ин бо ташаббуси директори Маркази ТТҲС ва Маркази Имуннопрофилактика дар Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант, бо мудирони БСД ва МСД, ҳамшираҳои тиб оилавӣ ва ваксинаторон муддати 3 рӯз семинар-машварати омӯзишӣ гузаронида шуд.
ЛЕВАКАНТ: ШАНБЕГИИ УМУМИШАҲРӢ ДАР ШОҲРОҲИ ЛЕВАКАНТ-БОХТАР
Субҳи шанбе 13-уми сентябр, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳр, дар шоҳроҳи Левакант – Бохтар шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Дар доираи иқдомҳои тарғиботӣ дар муассисаҳои таълимии Левакант вохӯрии гурӯҳи корӣ дар МТМУ №2 баргузор гардид
12-уми сентябри соли равон, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоҳиён Саъдулло, иштироки масъулини Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдак, бахши кор бо занон ва оила, масъулини Маркази ТТҲС, инчунин дигар фаъолон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр вохӯрии тарғиботӣ баргузор гардид.
...
- ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ШАҲ АЗ ҶАРАЁНИ ПАХТАЧИНИ БОЗДИД КАРД
- Дар кӯчаҳои шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гузаронида шуданд
- Дар кӯчаҳои шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ гузаронида шуданд
- Паёми табрикии раиси шаҳри Левакант-Муминзода Мастура Табарӣ ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
