ЛЕВАКАНТ: КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВА ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ТАРИҚИ УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ”
17 сентябр, бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ миёни насли ҷавон, дар доираи нақша-чорабиниҳои якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15 ва 14-и шаҳр хонишҳои сиёсӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
СТРОТЕГИЯИ МИЛЛӢ ОИД БА НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2030: НАҚ ВА АҲАМИЯТИ ОН
Нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба дараҷаи баланди зарароварӣ ба саломатии ҷомеа, амнияти ҷамъиятӣ, иқтисод ва рушди инсонӣ таҳдид мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, бо назардошти мавқеи географӣ, хатари қочоқ ва интиқоли маводи нашъаовар аз сарҳадҳои худ ба кишварҳои дигар, инчунин омилҳои дохилӣ, воқеан ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад.
Левакант: Ҷаласаи Ситоди даъвати ҷавонон ва таблиғи обуна ба нашрияҳои даврӣ
17-уми сентябр, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи Ситоди шаҳрии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва масъулони бахшҳои гуногун иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси шаҳр ва ҳамзамон роҳбари Ситоди шаҳрии даъват – Шоҳиён Саъдулло ифтитоҳ намуда, аз аҳаммияти баланди масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва нақши фаъоли ташкилоту муассисаҳо дар ин раванд ёдовар шуд.
ЛЕВАКАНТ: ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ДАР КАДОМ САТҲ
16 сентябр, дар саҳни Комисарияти ҳарбии шаҳри Левакант Ситоди фаврӣ бо иштироки раиси Комиссияи даъват, муовини раиси шаҳр – Шоҳиён Саъдулло ва масъулини Комиссарияти ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
ЛЕВАКАНТ: ОБОДОНИ ДАР МТМУ №4
Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим ва фароҳам овардани муҳити зебо ва беҳтар барои хонандагон, роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Левакант бо дастгирии падару модар як иқдоми шоистаро амалӣ намуданд.
