ЛЕВАКАНТ: Ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ доир ба истифодаи самараноки қувваи барқ дар ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”

.

18-уми сентябр, тибқи нақша-чорабиниҳои прокуратураи шаҳри Левакант, бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, дар ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” ҷаласаи махсуси фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии қонуншиканӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ёрдамчии калони прокурори шаҳри Левакант, мушовири адлия дараҷаи 1 – Исрамзода Ҳукмиддин, раиси ҷамоати шаҳрак – Султонов Фарух, кормандони ҷамоат ва фаъолон иштирок намуданд.

Исрамзода Ҳукмиддин зимни баромади худ ба иштирокдорон доир ба тағйиру иловаҳои охирин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи қувваи барқ, истифодаи ғайриқонунӣ, талафоти нерӯи барқ ва чораҳои пешгирӣ аз он шарҳи муфассал дод.

Ҳамзамон, ба кормандони ҷамоат тавсия дода шуд, ки дар байни сокинон, махсусан дар ҳар як оила, корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳи қонунҳо анҷом дода шавад. Таъкид гардид, ки ҳамкории мақомот бо аҳолӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги истифодабарии қувваи барқ омили асосии ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ин самт мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, иштирокдорон саволҳои худро оид ба масъалаҳои марбут ба тартиби бастани шартномаҳо бо шабакаҳои барқ, бақайдгирии ҳисобкунакҳо, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҳаррӯза пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас ва ҳуқуқӣ гирифтанд.

Чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ тибқи нақша дар дигар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Левакант баргузор хоҳанд шуд.