ЛЕВАКАНТ: Чорабинии фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи ҳаёти солим дар кӯдакистон
18-уми сентябр, бо ташаббуси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Левакант, дар якҷояги бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, КАТС, Маркази пешгирии ВНМО, бо масъулин ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии томактабии №2-и шаҳри Левакант, як чорабинии муҳим ва фаҳмондадиҳии оммавӣ гузарониданд.
Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати тиббӣ, санитарӣ ва ахлоқии аҳолӣ, махсусан кормандони муассисаҳои томактабӣ ва падару модарони кӯдакон, роҳандозӣ шуда, ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла:
Пешгирии бемории ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам);
Пешгирии сӯхтан ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда;
Бемории брутселёз ва роҳҳои сирояти он;
Гепатитҳои вирусӣ ва чораҳои ҳифозат аз онҳо;
Риояи тозагии шахсӣ ва гигиенаи инфиродӣ;
Огоҳсозӣ аз хатари паҳншавии фарҳанги бегона ва тақвияти худшиносии миллӣ бартарӣ дода шуд.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони сохторҳои зикршуда, имрӯзҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, хусусан занони хонашин ва кормандони соҳаи таълиму тарбия, дар масъалаи ҳифзи саломатии шахсӣ ва ҷамъиятӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, таъкид шуд, ки ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ метавонанд дар сурати муносибати беаҳамият ва беэҳтиётӣ паҳн гарданд, бинобар ин зарур аст, ки ҳамарӯза аз қоидаҳои тозагӣ ва гигиена ҷиддан риоя карда шавад.
Иштирокдорони чорабинӣ бо маводҳои иттилоотӣ, лавҳаҳои таблиғотӣ ва машваратҳои мутахассисон таъмин гардида, ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.
Чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ дар дигар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва маҳаллаҳои шаҳр идома хоҳанд ёфт.
