ҲУҚУҚИ ЗАН БА ТАҲСИЛ – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

.

 
Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои занону духтарон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ташаббусҳои муҳимеро роҳандозӣ намудаанд. Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», таъсиси квотаи президентӣ барои духтарони минтақаҳои дурдаст ва таъсиси стипендияи президентӣ барои донишҷӯёни фаъол далели равшани ин ғамхории рӯзафзун мебошанд.
Ба таҳсил фаро гирифтани духтароне, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ мекунанд, ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат қарор дорад. Аммо бо вуҷуди тамоми ин ғамхориҳо ва дастгирии пайвастаи давлат, мутаассифона, то ҳол шумораи духтароне, ки аз таҳсил дур мемонанд, кам нест.
Яке аз сабабҳои аслии ин вазъият, мутаассифона, маҳдудият аз сӯи худи оила – падару модарон мебошад. Бархе аз онҳо бо истинод ба арзишҳои динӣ, духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунанд, дар ҳоле ки дини мубини Ислом ҳаргиз зидди таҳсили духтарон нест. Баръакс, дар ҳадисҳои Паёмбари Акрам (с) таъкид шудааст:
«Талаби илм фарз аст бар ҳар як мард ва зан» ва «Талаби илм болотар аз ибодат аст». Пас, илмандӯзӣ боиси гунаҳкоршавӣ нест, балки роҳи рушд ва растгорист.
Таҷрибаи зиндагӣ ва таҳқиқоти иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки духтароне, ки аз таҳсил дур мондаанд, бештар ба мушкилоти ҳаётӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳоро пеш аз расидан ба синни болиғӣ ба шавҳар медиҳанд, ба ҳаёти мустақил омода намебошанд ва ҳуқуқи худро дар оила ва ҷомеа намешиносанд, бештари чунин оилаҳо зуд пош мехӯранд, онҳо пас аз пош хӯрдани оила аз пуштибонӣ ва ғамхории хонавода маҳрум мегарданд. Аз ин рӯ, маълумоти нокифоя ва дур мондан аз таҳсил метавонад боиси ба гирдоби нодорӣ, зӯроварӣ ва беадолатиҳои иҷтимоӣ гардидани занон шавад.
Бо дарки амиқи ин мушкилот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ҷиҳати таъмини таҳсил ва касбомӯзии духтарону занон тадбирҳои муассир меандешад.
Фароҳам овардани шароити таҳсил барои занони калонсол, ҷалби онҳо ба курсҳои касбомӯзӣ – дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳо, дастгирии иҷтимоии заноне, ки дар зиндагӣ ба мушкилоти сахт дучор шудаанд.
Дар ин самт Марказҳои таълими калонсолони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин Кумитаи кор бо занон ва оила нақши муассир доранд. Онҳо барои касбомӯзӣ, дастгирии равонӣ ва иҷтимоии занон пайваста кӯмак мерасонанд.
Имрӯз зани тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти бофарҳанг, кордон ва пуршараф шинохта шудааст. Ӯ дар баробари меҳрубонӣ дар оила, дар корҳои идоракунӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ низ нақши назаррас дорад. Ҷомеае, ки занонаш босаводу бомаърифат ҳастанд, ҷомеаи нерӯманд ва устувор хоҳад буд. Чуноне ки устод Ҳофиз мефармояд:
Адабу шарм туро хусрави маҳрӯён кард,
Офарин бар ту, ки шоистаи сад таҳсинӣ.
Хулоса таҳсил барои занон на танҳо ҳақ, балки як воситаи муҳими ҳимояи ҳуқуқ, нуфуз ва зиндагии босифат аст. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар, шахсони масъул ва тамоми ҷомеа бояд дарк намоянд, ки духтари босаводу модари босавод бунёдгузори ҷомеаи солим аст.
Ба қадри имкониятҳое, ки давлату Ҳукумат фароҳам овардааст, бояд расид ва ҳар як духтарро барои таҳсил ва илмандӯзӣ ҳавасманд сохт. Зеро бо рушди маърифат ва илму дониш, ҷомеа ба пеш меравад.
Самизода Шаҳноза-вакили
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант