ЛЕВАКАНТ: Маҷлиси васеи падару модарон дар Литсей

.

18-уми сентябр, дар Литсейи давлатии рақами 2-и шаҳри Левакант, маҷлиси васеи падару модарон бо иштироки васеи маъмурияти таълимгоҳ, масъулини соҳаи маориф ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.

 

Дар маҷлис мудири бахши маорифи шаҳр – Раҳимов Файзулло, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат – Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Сипарони Ватан” – Бароталиев Сафар, маъмурият ва омӯзгорони литсей, инчунин теъдоди зиёди волидайн ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории чунин маҷлиси фарогир – таҳкими робитаи падару модарон бо муассисаи таълимӣ, ҳамоҳангсозии корҳои тарбиявию маърифатӣ ва муҳокимаи масъалаҳои мубрами таълиму тарбияи хонандагон мебошад.

Мавзӯъҳои асосии муҳокимашуда дар маҷлис, сатҳу сифати таълиму тарбия, назорати давомоти хонандагон ва ҷалби фаъолонаи онҳо ба дарсҳо, робитаи судманди оила ва муассисаи таълимӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, поймолкунии низоми муассиса ва дигар хатарҳо ба муҳити таълимӣ, ҷалби хонандагон ба озмунҳои мактабӣ ва ҷумҳуриявӣ ва рушди қобилиятҳои шахсӣ, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии волидон дар раванди таълиму тарбияи фарзандон буда, мавқеи падару модарон дар таълиму тарбия муайян карда шуд.

Падару модарон дар ҷараёни маҷлис имконият ёфтанд, ки саволҳо, пешниҳодҳо ва дархостҳои худро баён намоянд. Мудирият ва масъулини соҳа ба ҳар як савол посухи муфассал доданд.

Раҳимов Файзулло, мудири бахши маорифи шаҳр, таъкид кард, ки ташкили чунин мулоқотҳо на танҳо воситаи беҳтар кардани муҳити таълимӣ, балки заминае барои таъмини муваффақияти хонандагон дар таҳсил ва ҳаёти оянда мебошад.

Дар анҷоми маҷлис, маъмурияти литсей ва намояндагони мақомоти дахлдор аз волидайн даъват ба амал оварданд, ки ҳамкории зич бо муассиса, дастгирии кӯдакон, таъмини муҳити солим ва тарбиявии хонаводагӣ ва мушорикати фаъол дар корҳои иҷтимоиву фарҳангии мактабро афзун намоянд.