ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ПЕШСАФ ШУД – ИҶРОИ 101,4% НАҚША ВА ДАВОМИ ҲАШАРҲО

.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти мамлакат ва ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар бахши кишоварзӣ, шаҳри Левакант тавонист дар маъракаи муҳими ҷамъоварии пахта натиҷаҳои назаррас ба даст оварад. Бино ба иттилои расмӣ, ин шаҳри саноативу кишоварзӣ нақшаи давлатии ҷамъоварии пахтаро бо 101, 4% иҷро намудааст ва дар айни ҳол барои ҷамъоварии боқимондаи ҳосил талош дорад.

 

Субҳи 20-уми сентябр, бо ташаббуси Раиси шаҳри Левакант – Муминзода Мастура Табарӣ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, донишҷӯён ва дигар сокинон ба саҳро баромада, дар як ҳашари умумӣ ҷиҳати ҷамъоварии “тиллои сафед” – пахта, ширкат варзиданд. Ин иқдом дар хоҷагии деҳқонии “Бобои Муҳриддин”, ки яке аз хоҷагиҳои пешсаф дар шаҳр маҳсуб меёбад, баргузор гардид.

Раиси шаҳр бевосита бо пахтачинон вохӯрӣ намуда, саҳми ҳар яки онҳоро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодии шаҳр муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки муваффақияти бадастомада натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонон, дастгирии пайвастаи давлат ва ҳамбастагии тамоми сокинони шаҳр мебошад.

“Пахта маҳсулоти стратегӣ ва муҳим барои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Ҳар қадар ки мо онро бо сифат ва дар муҳлати муайян ҷамъоварӣ кунем, ҳамон қадар дар таъмини корхонаҳои саноатӣ, ҷойҳои корӣ ва рушди иҷтимоии мамлакат саҳм мегузорем,” — зикр намуд Муминзода Мастура Табарӣ.

Ҳосили имсола, тибқи маълумоти мутахассисон, фаровон ва хушсифат мебошад. Хоҷагидорон ва пахтачинон бо истифодаи ҳар сонияи мусоиди ҳаво кӯшиш намуда, бо рӯҳияи баланд ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.

Бо вуҷуди иҷрои нақша, шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки то охирини кураки пахта аз саҳро ҷамъоварӣ гардад. Чунин муносибат ба меҳнат ва эҳсоси масъулият нишон медиҳад, ки мардум ба арзишҳои меҳнатӣ арҷ мегузоранд ва саҳми худро дар рушди иқтисоди миллӣ эҳсос мекунанд.

Муваффақияти шаҳри Левакант дар маъракаи ҷамъоварии пахта намунаи ибратбахш барои дигар шаҳру навоҳии кишвар буда, аз як тараф нишондиҳандаи хуби ташкили дурусти кор ва аз тарафи дигар – садоқати мардуми заҳматкаши ин диёр ба замин ва меҳнати пок мебошад.

Шаҳри Левакант бори дигар собит намуд, ки бо роҳбари хирадманд ва иштироки фаъолонаи ҷомеа, метавон ба ҳар ҳадафи бузург ноил гардад.